Ниёзмандон соҳиби ҷойи кор гардиданд
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ярмарка барои ҷойҳои корӣ рӯзи 30-юми августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолиии нассоҷии тоҷик» дар ноҳияи Фирдавсӣ, воқеъ дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ баргузор шуд. Дар он ташкилоту муассисаҳои системаи энергетика ва саноат, инчунин сохторҳои марбутаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҳузур доштанд. Ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони ВАО низ ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ярмаркаи умумишаҳрӣ барои ҷойҳои кории пешниҳодшуда дар ноҳияҳои Шоҳмансур 432, И. Сомони 367, Фирдавсӣ 678, Сино 998 ва дар маҷмуъ 2475 ҷойи кори холиро пешниҳод намуданд. Дар ярмарка зиёда аз 41 корхонаи кордиҳанда иштирок дошта, шумораи корҷӯён ба 500 нафар расид. Шумораи шахсони ба кор роҳхат гирифта 42 нафар ва ба касбомӯзӣ фиристодашуда 12 нафарро ташкил дод. Мақсади асосии баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод аз таъсир ба рушди бемайлони сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, ташкили шароити мусоид барои корхона, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дарёфти корманди мувофиқ, ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати кори мувофиқ ва бо ин васила муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат иборат аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






