Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол»
Душанбе, 18 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оғози озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол»-ро, ки бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, эълон намуд. Ба сифати шарикони озмун Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO), Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳҳид (UNDP) ва Дафтари байналмилалии Швейтсария дар Тоҷикистон (SECO) баромад менамоянд.Ҳадафи асосӣ аз баргузории озмуни мазкур- ин ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифода ва пешбурди бренд дар фаъолияти худ мебошад.Дар айни замон фармоишҳои вазорат дар бораи таъсиси Кумитаи тадорукот ва дар бораи «Қоидаҳо оид ба гузаронидани озмуни «Қуллаи шараф» вобаста ба муайян намудани бренди сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст, ки дар асоси он иҷрокунанда Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.Дар ин давра аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» корҳои ташвиқу тарғибот идома дошта, санаи 17 сентябри соли 2013 бо мақсади фаҳмондадиҳӣ мизи мудаввар дар мавзўи «Моҳият ва нақши бренд дар рушди тиҷорат» баргузор гардид.Чорабинии мазкур дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор гардида, дар кори он доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳо, ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъват шудаанд. Бояд зикр кард, ки ғолибони озмун ҳуқуқи истифодаи нишони «Бренди сол»-ро дар молу маҳсулот ва фаъолияти рекламавӣ пайдо менамоянд.Дар баробари ин, ҷоизаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ «медали тиллоӣ» барои Бренди инноватсионӣ низ пешбинӣ гардидааст. Қабули аризаҳо то 15 октябри соли ҷорӣ идома дошта, хоҳишмандон метавонанд аризаҳои худро бевосита ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва ё электронӣ аз тариқи сомонаи www.tajpatent.tj пешниҳод намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






