Пешниҳоди номзадии Э. Раҳмон ба мансаби Президенти ҶТ аз ҷониби ИҶТ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар асоси қарори Раёсатти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ )аз 20-уми июни соли ҷорӣ имрӯз, 21-уми сентябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» Анҷумани 10-уми ИҶТ баргузор гардид. Дар Анҷуман 1100 вакил, намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Дар Анҷуман, ки бо суханронии Раиси ИҶТ Маликшо Неъматов оғоз ёфт, чор масъала, аз ҷумла ҳисоботи фаъолияти ИҶТ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба барномаи ИҶТ, пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ИҶТ ва масъалаҳои кадрӣ баррасӣ гардид. Тибқи масъалаи якум оид ба фаъолияти ИҶТ дар давраи солҳои 2010-2013 Раиси Иттифоқ М. Неъматов баромад намуда, иброз дошт, ки то имрӯз ба аъзогии ИҶТ зиёда аз 150 ҳазор ҷавон шомил мебошад, ки онҳо дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, беҳтар гардонидани имконоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди маънавию фарҳангӣ дар кишвар саҳмгузоранд. Вобаста ба масъалаи дуюм ва чорум вакилон баромад ва муҳокимаронӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Аз рӯи масъалаи сеюм- оид ба пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз шаҳри Душанбе, ҷоизадори бозиҳои ХХХ олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева баромад намуда, оид ба дастовардҳои халқи тоҷик, бахусус ҷавонону варзишгарондар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Инчунин, М. Чориева дар бораи хизматҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бобати таъмини сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ, эҳёи иқтисодии кишвар сухан гуфта, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар баробари ин, кули иштирокчиён- вакилони Анҷуман масъалаи пешбарӣ намудани Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона дастгирӣ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур қарори дахлдори Анҷуман қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии Эмомалии Раҳмон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






