Прокурори генералӣ дар Бишкек
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ “Ховар”).- 26 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 11-уми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласаҳои мазкур ҳайати намояндагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина ширкат варзиданд. Дар рӯзи якуми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои ҷараёни иҷрои барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ, таҷрибаи кории прокуратураҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ ҷиҳати ҷорӣ кардани ҳисоботи омории ҳуқуқӣ, таҷрибаҳо дар соҳаи назорати тафтиш ва таҳқиқ, назорати иҷрои қонунҳо дар соҳаи экология, назорати қонунӣ будани баррасии хабарҳо оид ба ҷиноят, дар бораи такмили ҳамкориҳо дар мубориза бо коррупсия, дар бораи амалияи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, алалхусус дар хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Инчунин масоили такмили ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориҳои иқтисодии фаромарзӣ, аз ҷумла алоқаманд ба даромадҳое, ки бо роҳи ҷинояткорона ба даст омадаанд ва ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бобати ёрии ҳуқуқии байналмилалӣ расонидан дар кори муқовимат бо ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ, ки ба хариду фурӯши одамон ва қочоқи воситаҳои нашъадор алоқаманд мубошанд, дар ҷаласаи 11-уми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаҳои номбурда Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия Салимзода Ш.О. сухан гуфта, масъалаҳои бамиёнгузоштаро дар доираи вазъи қонуният ва ҷинояткорӣ, инчунин амалияи назорати прокурорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки итминон дорад прокуратураҳои генералии давлатҳои ҷамъомада иқтидори бузург ва имконоти васеи ҳамкориҳоро истифода бурда, ба амнияти минтақа аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва баҳри таъмини он тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






