Прокурори генералӣ дар Бишкек

Сентябрь 27, 2013 09:22

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ “Ховар”).- 26 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 11-уми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ҷаласаҳои мазкур ҳайати намояндагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина ширкат варзиданд. Дар рӯзи якуми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳо — иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои ҷараёни иҷрои барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ, таҷрибаи кории прокуратураҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ ҷиҳати ҷорӣ кардани ҳисоботи омории ҳуқуқӣ, таҷрибаҳо дар соҳаи назорати тафтиш ва таҳқиқ, назорати иҷрои қонунҳо дар соҳаи экология, назорати қонунӣ будани баррасии хабарҳо оид ба ҷиноят, дар бораи такмили ҳамкориҳо дар мубориза бо коррупсия, дар бораи амалияи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, алалхусус дар хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Инчунин масоили такмили ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориҳои иқтисодии фаромарзӣ, аз ҷумла алоқаманд ба даромадҳое, ки бо роҳи ҷинояткорона ба даст омадаанд ва ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бобати ёрии ҳуқуқии байналмилалӣ расонидан дар кори муқовимат бо ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ, ки ба хариду фурӯши одамон ва қочоқи воситаҳои нашъадор алоқаманд мубошанд, дар ҷаласаи 11-уми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаҳои номбурда Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия Салимзода Ш.О. сухан гуфта, масъалаҳои бамиёнгузоштаро дар доираи вазъи қонуният ва ҷинояткорӣ, инчунин амалияи назорати прокурорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки итминон дорад прокуратураҳои генералии давлатҳои ҷамъомада иқтидори бузург ва имконоти васеи ҳамкориҳоро истифода бурда, ба амнияти минтақа аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва баҳри таъмини он тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сентябрь 27, 2013 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад