Сафари кории Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 25 сенятябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сафари хеш раиси вилоят бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар якчанд хоҷагии деҳқонӣ шинос шуд. Зимни суҳбат роҳбари хоҷагӣ Валиҷон Азимов бо раиси вилоят изҳор дошт, ки хоҷагӣ дорои 60 гектар майдони пахта буда, аз 180 тоннаи дурнамои солона беш аз 60 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намудаанд. Қоҳир Расулзода ба роҳбарияти хоҷагӣ супориш дод, ки бояд нархи чиниши пахта то 50 дирам боло бардошта шавад. Ба таъкиди раиси вилоят ин амал барои ҳавасмандии чинакчиён ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил аҳмияти хосса дорад. Хоҷагии деҳқонии «Сардор»-и Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Маҳмудҷон Назаров дорои 35 гектар замин мебошад, ки дар 30 гектари он парвариши пахта ба роҳ монда шудааст. Кишоварзон дар суҳбат бо раиси вилоят изҳор доштанд, ки 50 дарсади нақшаи барномавиро ба иҷро расонидаанд. Яъне, онҳо аз 70 тоннаи дурнамо то имрӯз 35 тонна пахта ғунучин намудаанд. Хоҷагидорон ҳамчунин дар майдони 5 гектар беда, харбузаву тарбуз ва соири маҳсулоти кишоварзиро кишт намудаанд. Дар хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор»-и Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии Неъмат Қарабоев аз 78 гектар майдони умумӣ дар 55 гектари он пахтаи навъи «Ориён» кишт кардаанд. Қоҳир Расулзода дар суҳбат бо чинакчиён аз нархи чиниши пахта пурсон шуд. Чинакчиён изҳор доштанд, ки нархи чиниш 50 дирам буда, онҳо сари вақт ҳақмузди худро мегиранд. Раиси вилоят аз ин иқдоми сарвари хоҷагӣ Фурқат Шодмонов изҳори хушнудӣ намуда, барои дастгириву ҳавасмандкунии чинакчиён супориш дод. Раиси вилоят ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонии «Фаровон» ва «Қ. Маҳкамов» низ дидан карда, барои боло бурдани нархи чиниши пахта ва истифодаи самаранок аз ҳавои мусоид дастуру супоришҳои мушаххас ироа дошт








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






