Сафари кории Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом

Сентябрь 27, 2013 08:47

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 25 сенятябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сафари хеш раиси вилоят бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар якчанд хоҷагии деҳқонӣ шинос шуд.   Зимни суҳбат роҳбари хоҷагӣ Валиҷон Азимов бо раиси вилоят изҳор дошт, ки хоҷагӣ дорои 60 гектар майдони пахта буда, аз 180 тоннаи дурнамои солона беш аз 60 тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намудаанд. Қоҳир Расулзода ба роҳбарияти хоҷагӣ супориш дод, ки бояд нархи чиниши пахта то 50 дирам боло бардошта шавад. Ба таъкиди раиси вилоят ин амал барои ҳавасмандии чинакчиён ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил аҳмияти хосса дорад. Хоҷагии деҳқонии «Сардор»-и Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Маҳмудҷон Назаров дорои 35 гектар замин мебошад, ки дар 30 гектари он парвариши пахта ба роҳ монда шудааст. Кишоварзон дар суҳбат бо раиси вилоят изҳор доштанд, ки 50 дарсади нақшаи барномавиро ба иҷро расонидаанд. Яъне, онҳо аз 70 тоннаи дурнамо то имрӯз 35 тонна пахта ғунучин намудаанд. Хоҷагидорон ҳамчунин дар майдони 5 гектар беда, харбузаву тарбуз ва соири маҳсулоти кишоварзиро кишт намудаанд. Дар хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор»-и Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии Неъмат Қарабоев аз 78 гектар майдони умумӣ дар 55 гектари он пахтаи навъи «Ориён» кишт кардаанд. Қоҳир Расулзода дар суҳбат бо чинакчиён аз нархи чиниши пахта пурсон шуд. Чинакчиён изҳор доштанд, ки нархи чиниш 50 дирам буда, онҳо сари вақт ҳақмузди худро мегиранд. Раиси вилоят аз ин иқдоми сарвари хоҷагӣ Фурқат Шодмонов изҳори хушнудӣ намуда, барои дастгириву ҳавасмандкунии чинакчиён супориш дод. Раиси вилоят ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонии «Фаровон» ва «Қ. Маҳкамов» низ дидан карда, барои боло бурдани нархи чиниши пахта ва истифодаи самаранок аз ҳавои мусоид дастуру супоришҳои мушаххас ироа дошт

Сентябрь 27, 2013 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад