Санади будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб хоҳад расид

Сентябрь 2, 2013 13:39

Душанбе,  2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон   Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русияро ба тасвиб мерасонад. Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
      Тибқи ин санад шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави  Русия  қарор доранд, аз уҳдадории  бақайдгузорӣ дар макони будубош дар мақомоти салоҳиятдори Русия ба муддати 15 рӯз озод  мешаванд. Муҳлати будубоши муваққатӣ, ки дар банди 1-и моддаи мазкур нишон дода шудааст, аз санаи воридшавии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Федератсияи Русия аз рӯи варақаи тасдиқшудаи муҳоҷиратӣ бо нишони гузоштаи мақомоти назорати сарҳадӣ ҳангоми воридшавӣ ба қаламрави Русия ҳисоб карда мешавад.    
       Мувофиқи Созишномаи мазкур  дар ҳолати аз 15 рӯз зиёд будубош намудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русия, шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар мақомоти салоҳиятдори маҳали будубоши худ дар Федератсияи Русия мутобиқи қонунгузории он аз қайд гузарад.
  Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» матраҳ гаштанд.

Сентябрь 2, 2013 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш