Шукргузорӣ аз Истиқлолият
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Рўзи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар он муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон ширкат намуда, ба кормандони кумита ва сохторҳои тобеи он табрикоти Сарвари давлатро расонид. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир бо ҳидояти Ҳукумати ҷумҳурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти буҳрони ҷаҳонии таназзулёбии муҳити зист ва масоили вобаста ба он тадбирҳои қобили дастгириро меандешад. Табиист, ки дар ин миён аз мушкилоти ҷойдошта масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ низ яке аз ин проблемаҳои рўзмаррае мебошад, ки кумита, баҳри дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва «Дар бораи иттилооти экологӣ» пайваста талош менамояд. Имсол мисли солҳои қаблӣ бо Фармоиши раиси кумита оид ба ташкил ва гузарондани озмуни ҷумҳуриявӣ байни кормандони ВАО, барои маводи беҳтарини вобаста ба муҳити зист дар мавзӯи «Тамаддун ва муҳити зист» озмун эълон шуд. Бояд ёдовар шуд, ки ин озмун ҳамчунин ба Конфронси байналмилалии «Соли 2013-соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об», ки он моҳи қаблӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир шуд, низ робита дошт. Ҳайати комиссияи озмун дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатӣ ғолибонро муайян намуда, дар рўзи ҳамоиши идона онҳо бо туҳфаҳои пулӣ ва Ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






