Синфхонаҳои нави Донишкадаи молиявию иқтисодӣ

Сентябрь 3, 2013 11:36

Душанбе,  3  сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Чанде  пеш  дар  Донишкадаи  молиявию  иқтисодии  Тоҷикистон  бахшида ба  «Рӯзи дониш»  ҷамъомад  доир  шуд. Дар  ҳошияи  ин  чорабинӣ  вазири  молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сафаралӣ  Наҷмуддинов  ва  коркунони  дигари  масъули  Вазорати  молия  ва Вазорати  маорифи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  профессорону  омӯзгорон  ва донишҷӯёни  донишкада  вохӯрданд.
 
Тавре  ки  аз   котиботи Вазорати  молияи  ҶТ   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  омӯзгорону  донишҷӯёни  донишкада  ва  меҳмонон  дар  маросими  тамошои  суханронии Президенти  кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  бахшида ба «Рӯзи  дониш» бо  рағбату  рӯҳбаландии  бепоён  иштирок  намуданд. 
 
Вазири  молияи  Тоҷикистон С.Наҷмуддинов   изҳори   боварӣ  намуд, ки  донишкада  ҳамаи  вазифаҳои  дар  наздаш   гузошташударо   дар   мавриди  таълиму  тарбияи  кадрҳои  баландихтисоси   низоми   молиявӣ  ва  иқтисоди  кишвар   иҷро   хоҳад  намуд. 
 
Сипас  роҳбарияти  Вазорати  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  меҳмонон  дар   маросими  ифтитоҳи ботантанаи  синфхонаҳои нави  дорои  550  ҷойи  нишаст, ки бо  таҷҳизоти  муосир  таъминанд,  иштирок  намуданд.

Сентябрь 3, 2013 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш