Супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тиб

Сентябрь 6, 2013 11:30

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- 5 сентябр дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯров, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва фаъолони соҳа ширкат доштанд. Ҳамасола фаъолони ҳамаи соҳаҳо ба ифтихори солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз мегарданд. Имсол низ якчанд нафар корманд ва мутахассиси варзидаи соҳаи тандурустӣ бо чунин мукофот сарфароз гардиданд. 10 нафар корманди соҳаи тиб бо медали «Хизмати шоиста» ва 8 нафар шаҳрванд бо унвони ифтихории «Донори ифтихории Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сентябрь 6, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш