Сюзан Эллиот аз МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дидан кард

Сентябрь 14, 2013 10:31

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз, 13-уми сентябри соли равон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Штатҳои Муттаҳдаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Сюзан Эллиот ва Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — М.Маҳмадаминов аз МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»» ва МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон » дидан карданд.   Дар рафти шиносоӣ аз МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»» хонум Сюзан Эллиот бо машғулияти кўдакони имконияташон маҳдуд, таълими меҳнати кўдакон, намудҳои тавонбахшӣ, ҳуҷраҳои табобатию истироҳатӣ, омўзиши модарон аз нигоҳубини кўдакони маъюб ва вазъи будубоши бошандагон аз наздик шинос гардида, дар барномаи консертӣ, ки аз ҷониби кўдакони имконияташон маҳдуд омода шуда буд, иштирок намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуданд. Сипас, хонум Сюзан Эллиот ба МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ташриф оварда, аз фаъолият ва ҷараёни касбомўзӣ дар ин муассиса шиносоӣ пайдо кард.

Сентябрь 14, 2013 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш