Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

Сентябрь 4, 2013 14:31

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — Имрўз, 4 сентябри соли 2013 дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар он сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Девонаев, муовини якуми сардори хадамот А.Бобоев, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва сохторҳои зертобеи он, инчунин кулли кормандони Хадамоти муҳоҷират иштирок доштанд.  Дар ҷаласа дар мавриди таърихи даврони Истиқлолияти давлатӣ, раванд ва аҳамияти тақдирсози ин дастоварди беҳамтои мардуми сарбаланди тоҷик сухан рафта, зикр шуд, ки дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ ва миллати тоҷик мебошад.

Сентябрь 4, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш