Ташаккули «Равзанаи ягона» оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо 25 сентябр роҳбарияти олии ширкати «INTRASOFT International S.A.» ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ ҷиҳати ба кор даровардани барномаи таъминотии системаи нав ва оғози марҳилаи татбиқи пилотии лоиҳа, муаррифинома гузаронд. Дар муаррифинома дастовардҳои лоиҳаро аз оғози фаъолияти он дар моҳи июни 2012 таъкид карданд ва ба иштироккунандагон ҳадафҳои марҳилаи татбиқи пилотиро муаррифӣ намуданд. Чунин лоиҳаи муҳим оид ба кӯмак ба тиҷорат ҳамоҳангсозии байнимуассисавӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафти интернетиро дар назар дошта, бо соддагардонии тиҷорати байналхалқӣ ба операторони тиҷорати ҳориҷӣ фоидаи калон меоварад, самаранокӣ ва шафофияти фаъолияти Ҳукумат ва ҳамчунин боигарии миллии онро зиёд мекунад. Пас аз муаррифӣ баҳсу мунозира байни иштирокунандагон сурат гирифт. Дар моҳи июни соли 2012 Иттиҳоди Аврупо ва ширкати «Intrasoft International S.A.» шартномаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии таъсиси Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. «Intrasoft International S.A.» системаи Равзанаи ягонаро сохта, онро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» — назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, инчунин дар панҷ маркази вилоятӣ ва ёздаҳ (11) муассисаи давлатӣ ва дигар ташкилотҳои воридшуда ба кор медарорад.«Intrasoft International S.A.» аллакай марҳилаи лоиҳакашӣ ва марҳилаи тайёр карданро, ки дар ин марҳила барномаи таъминотии система тайёр карда ва санҷида шуда буд, ба анҷом расонид. Дар айни ҳол лоиҳа дар марҳилаи татбиқ қарор дорад. Дар ин марҳила барномаи таъминотӣ барои санҷиши пилотӣ дар ду муассисаи давлатӣ (Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар се (3) маркази ноҳиявӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа ба кор дароварда шудааст. Омӯзишҳои пешакии марҳилаи татбиқи пилотӣ аллакай оғоз гардидаанд. Татбиқи пилотии лоиҳа ду (2) моҳи тақвимиро дар бар хоҳад гирифт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






