Таъсиси марказҳои хизматрасонии бонкӣ

Сентябрь 12, 2013 15:02

Шӯрообод, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳияи Шӯрообод дар айни ҳол 30 нафар чавони лаёқатманд фаъолият дорад, ки аз ин шумора 7 нафараш зан аст. Бо мақсади сари вақт хизмат расонидан ба мизоҷон дар филиал банкомат насб гардидааст, ки кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо ба воситаи кортҳо маоши худро сари вақт мегиранд.  Инчунин масъулини бонк зиёда аз 800 нафар мизоҷро мувофиқи дархосташон барои рушди соҳаи чорводорӣ, зироаткорӣ, занбӯрпарварӣ бо қарзҳои хурду миёна таъмин мекунанд. Барои боз ҳам беҳтар хизмат расонидан ба аҳолӣ дар ҷамоати Даштиҷум ва ҷамоати деҳоти Саричашма марказҳои хизматрасонии бонкӣ роҳандозӣ шудаанд. Роҳбарони филиал ният доранд, ки дар оянда чунин маркази хизматрасонии бонкиро дар ҷамоати деҳоти Ёл ва дигар ҷамоатҳои дурдаст низ ба роҳ монанд.

Сентябрь 12, 2013 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш