«Қуллаи шараф» бренди солро муайян мекунад

Октябрь 19, 2013 10:42

  Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Ҷаласаи нахустини ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» вобаста ба муайян намудани бренди сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии фаъолияти минбаъдаи ҳакамон 17 октябр бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода баргузор гардид. Раисии ҳайати ҳакамонро вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. 
Дар ҷаласаи мазкур тибқи  маълумоти директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Ҷамшед Қурбонов дар ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур 53 ариза аз ширкатҳои дохиливу хориҷӣ ворид гардидааст.
Дар ҷаласа аъзои  тозаинтихоби ҳайати ҳакамон масъалаҳои баҳсталабро вобаста ба баҳодиҳӣ ва муайянсозии ғолиб  мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ҷониби намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» посухҳои зарурӣ дода шуд.
Натиҷаи озмуни мазкур дар  аввали моҳи декабри соли 2013 ҷамъбаст мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи давлатии патентию техникӣ хабар доданд.
 
 

Октябрь 19, 2013 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ