Ҳайати Ҳиндустон дар ПСС ҶТ

Октябрь 23, 2013 13:47

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 22 октябр муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Лариса Кислякова дар шаҳри Душанбе бо роҳбари ҳайати Ҳиндустон Директори генералии ширкати «Ирсол Индия PVT Ltd» Персес Билимория мулоқот анҷом дод. Назар ба хабари маркази матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо дар мавриди содироту воридоти байни Ҳиндустону Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, самтҳои ҳамкории минбаъдаро дар бахши воридоти пахта, сангҳои қиматбаҳо, асал, меваи хушк, ҳамчунин содироти маҳсулоти нассоҷӣ, дорувор, либос ва техникаи кишоварзии Ҳиндустон муайян карданд.Лариса Кислякова аз фаъолияти палата ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз қабили саноати коркарди ашёи хом, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пӯсту пашм, нақл кард.Мусоҳибон дар анҷоми мулоқот перомуни усулҳои имконпазири ҳамкорӣ сухан ронданд. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади бо маҳсулоти мухталифи корхонаҳои Ҳиндустон шинос шудани харидорони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Хонаи савдои Ҳиндустон кушода шавад.  

Октябрь 23, 2013 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ