Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон

Октябрь 7, 2013 16:00

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дӯстдорони таърихи гузаштаву имрӯзаи тоҷик соҳиби туҳфаи бебаҳо гаштанд. Акнун онҳо соҳиби китобе гардиданд, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамад таърихи бостонии  Ҳисори  шодмонро аз замонҳои хеле қадим ба таври муъҷаз, фаҳмо ва хотирмон ҳикоят мекунад. Китоб  «Ҳисори шодмон: аз бостон то ин замон» ном дошта, муаллифии онро адибони номдор Фатҳуллои Азиз ва Султонмуроди Одина бар уҳда доранд. Китоб дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» нашр гардид.
 Омӯзиши суботкоронаву истифода аз бойгониҳо  ба муаллифон имкон дод, ки таърихи гузаштаю ҳозираи Ҳисорро аз нигоҳи  таҳқиқу таҳлили дақиқкорона гузаронида, асари хонданбоб таълиф намоянд.  Китоб туҳфаи хубест барои хонандагон дар арафаи ҷашни 3000-солагии куҳандиёри Ҳисор, ки соли 2015 ботантана таҷлил мегардад.
 

Октябрь 7, 2013 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ