Ҳуқуқи муаллиф ҳимоя мешавад
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Семинар дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва иҷрои муқаррароти «Созишномаи савдо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ дар партави воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо» 25 октябри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.Дар семинар аз ҷониби намояндагони Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Шӯрои адлия, Хадамоти гумрук, Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагони соҳа дар вилоятҳои ҷумҳурӣ баррасии маърӯзаҳо дар мавзуъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи ҳуқуки муаллиф ва иҷрои талаботи Созишнома оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ (ТРИПС)», «Нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ғайриқонунӣ паҳн намудани объектҳои моликияти зеҳнӣ», «Тарзу тартиби муроҷиати шаҳрвандон ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқҳои муаллифии онҳо», «Ҳамкории мақомоти дахлдор дар масъалаи пешгирии ғайриқонунӣ ворид ва содир шудани объектҳои моликияти зеҳнӣ дар сарҳад», «Пардохти ҳаққи қалами муаллифон аз ҷониби истифодабарандагони асарҳо ва роҳҳои беҳбуд бахшидани кор дар ин самт» ва дигар масъалаҳо дар назар аст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






