Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ …
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 160 нафар ҷавонони тоҷик дар Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Шоҳмансури Душанбе курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва барномасозии компютерро хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Коргоҳҳои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ва омӯзиши барномаҳои компютер дар Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Шоҳмансур бо иқдоми дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ноҳияи Шоҳмансур се моҳ қабл созмон дода шуда буд. Дар ин муддат дар коргоҳҳои мазкур 120 нафар ҳунари дӯзандагӣ ва 45 нафар касби барномасозии компютерро омӯхтанд.
Дар маросими анҷоми давраи аввали касбомӯзии ҷавонон Саидмаҳдӣ Ибодӣ -раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон, Файзӣ Қосимова- муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур, Асомиддин Насриддинов, раиси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Исмоил Сангмадов -раиси маркази таълими калонсолони ноҳияи мазкур иштирок намуда, ҷавононро бо хатми давраи ҳунаромӯзӣ табрик намуданд. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати иҷтимоии худ ҷиҳати касбомӯзии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоидро фароҳам овардааст. Ҷавонон бояд дар мавриди омӯзишӣ касбу ҳунар саъю талош намоянд, зеро шахси боҳунар ҳеҷ гоҳ ба дигарон муҳтоҷ нагардида, ризқу рӯзии худро аз рӯи ҳунари андухтааш тавассути меҳнати ҳалол дармеёбад ва дар ҷомеа мавқеъ ва нуфуз пайдо мекунад.
Дар фарҷоми маросими хатми давраи омӯзиш ба 4 нафар устодони давраи мазкур мукофоти пулӣ ва ба коромӯзи беҳтарин як адад мошинаи дарздӯзӣ тақдим карда шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






