Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи ҷавонон

Октябрь 11, 2013 14:40

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 11 октябри соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2013  ҷамбаст намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷаласа намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, раиси кумита ва  роҳбарону кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд. 
Гуфта мешавад, ки дар ҳисобот фаъолияти кумита  дар  нуҳмоҳаи    соли 2013, самтҳои асосии фаъолият ва як силсила масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.
Раиси кумита Маликшо Неъматов натиҷаҳои фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз беҳбудии тадриҷӣ дар раванди татбиқи барномаҳои давлатии соҳа сухан ба миён овард.
-Ҷалби  ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо  дар  ҳаёти сиёсиву фарҳангиву иқтисодӣ, тарбияи насли солим, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ,  расидан ба натиҷаҳои  хубтар ҳамаҷониба   бояд талош варзем, таъкид дошт Маликшо Неъматов дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

Октябрь 11, 2013 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш