Ҷамъомади таълимию методӣ дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи ҶТ оғоз ёфт, ки он тӯли се рӯз давом хоҳад кард. Субҳи имрӯз раиси Кумитаи марказии ташкилот генерал-майори гвардия Музаффар Гулмадов дар бораи оинномаи ташкилот, ҷиҳатҳои роҳбарикунанда ва ташкили фаъолияти таълимӣ машғулият гузаронид Ин қабил чорабиниҳо моҳи гузашта дар вилояти Хатлон низ гузаронида шуда, минбаъд дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мешаванд. Мақсад аз баргузории ҷамъомадҳо- ин такмили ихтисоси кормандон мебошад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии ТҶММ ҶТ Абдурақиб Қодиров аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, чорабинии мазкур дар толори мактаби муттаҳидаи ба номи генерал-майор Валӣ Маҳмадов дар шаҳри Хуҷанд гузашта истодааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






