26 садама дар як ҳафта

Октябрь 14, 2013 11:09

        Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). —      Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз  дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1116  садамаи  роҳу  нақлиётӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо  354  нафар ба  ҳалокат расида,  1236  нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо  бистарӣ  гардидаанд.
Аз 7 то 13 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 26 садамаи  роҳу  нақлиётӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8  нафар ба  ҳалокат расида, 28  нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо  бистарӣ гардидаанд.
Роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар рўзҳои иди Қурбон ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, маданияти баланди шаҳрвандиро ба ҷо оранд. Ҳамчунин аз волидон хоҳиш мешавад, ки дар рўзҳои ид нисбат ба фарзандони худ беаҳамият набошанд.
 

Октябрь 14, 2013 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш