Аз қабули санади сарнавиштсоз 19 сол сипарӣ мегардад

Октябрь 29, 2013 14:31

Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар остонаи ин санаи таърихӣ дар Душанбе нишастеро бо иштироки намояндагони вазорату ниҳодҳои марбутаи кишвар доир намояд. Интизор меравад, ки дар нишаст ҳозирин доир ба паҳлуҳои гуногуни аҳамияти қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз дар рушди пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти таърихиву фарҳангӣ ва ормонҳои миллӣ табодули назар хоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, ки 19 сол муқаддам, аниқтараш 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дар кишварамон Конститутсия қабул карда шуд. Бо қабули ин санади муҳими сарнавиштсози таърихӣ саҳифаи наве дар ташаккули низоми муосири давлатдории тоҷикон боз шуд. Бо қабули ин санади тақдирсоз майлу иродаи мардуми Тоҷикистон дар робита ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ муайян гардид. Аз ҳама муҳим ин аст, ки ин иқдоми таърихӣ андешаҳои ботили бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрату тавоноии мардуми тоҷик барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, барбод дод.   Соли равон мардуми тоҷик ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва умед ба фардои неку дурахшон дар фазои амну субот, дӯстиву рафоқат ва ҳамраъйӣ истиқбол мегиранд. Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Тоҷикистон ба рӯзи чоршанбе, 6 ноябр рост меояд, ки ҳамзамон дар ин рӯз дар кишварамон чорабинии муҳими дорои аҳамияти сиёсию давлатӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Октябрь 29, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ