Ба кадом шахсон қурбонӣ кардан воҷиб аст?
Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзи сешанбе- 15 октябри соли 2013-и мелодӣ мусулмонони Тоҷикистон чун дигар мусулмонони ҷаҳон Иди саиди Қурбонро таҷлил менамоянд. Санаи таҷлили Иди Қурбон дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Кумита оид ба корҳои дин, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказии навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе доир гардид, мушаххас шуд. Вақти баргузории намози Иди Қурбон дар тамоми масҷидҳои ҷомеи марказии кишвар соати 7:30 дақиқаи рӯзи сешанбе муқаррар гардид.
Назар ба иттилои Атовуллоҳи Қосим- сухангӯи Шӯрои уламои кишвар санаи таҷлили Иди Қурбон тибқи ҳисоби илмӣ ва эҳҷазабуд муайян гардидааст. Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусулмонони дунё буда, баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди саиди Фитр ё худ Рамазон дар рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.
Ба кадом шахсон қурбонӣ кардан воҷиб аст? Дар посух ба ин савол намояндаи масъули Маркази исломии Тоҷикистон гуфт: шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст ё худ беш аз 3000 $ зиёдатӣ доранд, яъне дороанд, қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб аст. Шахсоне, ки камбизоатанд ё ин ки қарздор ҳастанд, қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб нест. Барои қурбонӣ чорвои фарбеҳ ва бе нуқсу иллат, аз ҷумла буз, гӯсфанд, гов ва уштурро харидорӣ карда, онро баъди анҷоми намози Иди Қурбон забҳ менамоянд. Гӯшти моли қурбониро ба се қисм тақсим намуда, як қисми онро ба ҳамсоягон, қисми дуюмро ба камбизоатон ва қисми саввумро ба хешу табор дар шакли хӯрок ва ё пораи гӯшт тақсим менамоянд. Як гов ё як уштурро 7 нафарӣ дар шакли дастаҷамъона метавонанд қурбонӣ намоянд. Таърихи иди саиди Қурбон ба он рабт дорад, ки аз ҷониби Худованд ба Ҳазрати Иброҳим алайҳи салом амр мешавад, ки бояд фарзандаш Исмоил алайҳисаломро, ки ҳамагӣ 12-13 сол дошт, қурбонӣ намояд. Ҳангоме, ки Иброҳим алайҳисалом ҷигарбанди худ Исмоилро ба қурбонгоҳ мебарад ва мехоҳад қурбонӣ намояд, дар ин асно бо амри Илоҳӣ тавассути Ҳазрати Ҷабраил алайҳисалом аз ҷаннат гӯсфанде фиристода мешавад, то онро қурбонӣ намоянд.
Инчунин яке аз фазилатҳои Иди Қурбон дасти кӯмак расонидан ба ятимону бапарасторон ва дигар ашхоси ниёзманд аст. Дар робита ба ин дар ҷаласа раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказии кишвар дастур дод, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандону ятимон, ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар мавриди оростани хони идона, баланд набардоштани нархи маҳсулот дар бозору дӯконҳо аз ҷониби фурӯшандаҳо ҷалб намуда, худашон бояд намунаи ибрат бошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






