Ба Кодекси андоз тағийру иловаҳо ворид мегардад
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик Палатаи поёнии Парлумон Тоҷикистон ба Кодекси андози ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид месозад. Дар робита ба ин масъалаи мазкур 14 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, матраҳ шуд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур бо мақсади аниқ намудани муқаррароти он ба муқаррароти дигари Кодекси андози кишвар барои дастгирии андозсупорандагон пешниҳод гардидааст. Дар он таклифҳои андозсупорандагон, мақомоти андоз ва гумрук ба инобат гирифта шудаанд. Лоиҳаи қонуни мазкурро тамоми кумитаҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуда, 55 таклифу дархост ироа намуданд, ки 52-тои он пазируфта шуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






