Бахши хусусии Тоҷикистон ба СУС муаррифӣ мешавад
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи аз масоили Созмони умумиҷаҳонии савдо бештар воқиф гардидани аҳли тиҷорат якҷоя бо Маркази байналмилалии савдо дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд барои бахши хусусӣ якчанд семинар доир менамояд.
Дар ҷараёни семинарҳо масоили марбут ба мақоми Созмони умумиҷаҳонии савдо дар раванди савдои ҷаҳонӣ ва принсипҳои асосии Созмони умумиҷаҳонии савдо инъикос дода мешаванд. Ҳамчунин раванди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон аз рӯи дастрасӣ ба бозори амволу хидматрасонӣ ва ҳалли баҳсу мунозираҳои тиҷоратии байналмилалӣ ҷамъбаст карда мешавад.
Тавре ки аз Маркази савдои байналмилалӣ хабар доданд, семинарҳоро коршиносону мутахассисоне доир менамоянд, ки дар раванди воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мустақиман ширкат доштанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






