Баррасии масоили ҳуқуқи занон дар Женева

Октябрь 10, 2013 15:05

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ  дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Маърӯзаи миллии даври чорум ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон”дар доираи ҷаласаи 56-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон  баррасӣ    гардид.  Дар ҷаласаи мазкур намояндагони ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Конвенсияи мазкур дар ҷумҳурӣ, дастовардҳо ва мушкилоти дар ин самт ҷой дошта сухан гуфтанд. 
Дар  ҷаласаи мазкур аз тарафи коршиносони байналмилалӣ доир ба масъалаҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, қолабҳои кӯҳнашуда оид ба ҳуқуқҳои занону духтарон, ҳуқуқ ба меҳнат, ҷалби занон ба идораи давлатӣ, вазъи занону кӯдакони маъюбу пиронсол ва дигар масъалаҳо ба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳои пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки баррасии масъалаи мазкур аз тарафи коршиносони миллию  байналмилалӣ баҳои хуб гирифта, дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт махсус зикр шуд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Октябрь 10, 2013 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш