Беҳбудии некӯахволӣ аз тариқи идораи интегратсионӣ

Октябрь 18, 2013 13:11

Кӯлоб, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар чаҳорчӯби Барномаи   «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон дар шаҳри Кӯлоб» конфронси миллӣ доир  ба беҳдошти муҳити зист таҳти унвони «Беҳбудии некӯаҳволӣ аз тариқи идораи интегратсионӣ ва пойдории захираҳо» баргузор шуд.Қабл аз оғози қисмати асосии конфронс дар даромадгоҳи толор намоишгоҳи таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ барои нигоҳдории гармӣ дар хонаҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, макети иншооти обтаъминкунӣ ва дигар тачҳизоту лавозимоте, ки дар ин барнома истифода шудаанд, доир шуд. Дар конфронс суҳбату баҳсу мунозираҳо дар мавзуъҳои марбут ба беҳдошти муҳити зист дар мавзеъҳои баландкуҳи минтақа, инчунин вобаста ба Стратегияи барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон барои солҳои 2011-2015» баррасӣ гардиданд. 
Дар конфронс зикр гардид, ки беҳбудӣ бахшидан ба даромад ва шароити зиндагӣ дар манотиқи деҳот дар Хатлон тавассути идораи захираҳои  табиӣ ва беҳбуд бахшидан ба муҳити зист барномаи намунавии таҷрибавӣ дар ин минтақа ба ҳисоб меравад.

Октябрь 18, 2013 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ