Бепарвоии ронандагон нисбат ба аломатҳои роҳ

Октябрь 30, 2013 10:24

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1190 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 373 нафар ба ҳалокат расида, 1320 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз 21 то 27 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 30 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 10 нафар ба ҳалокат расида, 36 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.Ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар роҳҳои мошингард баҳри риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аломатҳои роҳ насб шуда бошанд ҳам, ронандагон нисбат ба ин аломатҳо бепарвоӣ зоҳир менамоянд, ки оқибати он ба ҳодисаи нохуш оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз Раёсати БДА ВКД аз тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳоҳиш ва талаб менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Октябрь 30, 2013 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш