Боздиди Сергей Нарышкин аз ДСРТ

Октябрь 8, 2013 11:10

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – 7 октябр раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Сергей Нарышкин аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дидан кард.Хотирнишон месозем, ки Сергей Нарышкин барои боздиди расмӣ аз 6 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дорад.Сергей Нарышкин зимни суханрониаш ҳамкории судманди ҳар ду кишварро дар бахшҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳарбию техникӣ иброз дошт. Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Русия пешниҳодро дар бораи бунёди бинои нави донишгоҳ дастгирӣ намуда, ваъда дод, ки барои ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе меояд.Дар анҷоми ин чорабинӣ ба Сергей Нарышкин барои фаъолияти бисёрсолааш дар таҳкими ҳамкории байни кишварҳоямон дипломи доктори фахрӣ супорида шуд. 

Октябрь 8, 2013 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш