Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Танқиди ВАО Чин аз баландшавии арзиши қаҳва Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Тамоми васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Мардумии Чин «Старбакс» — и Амрикоро вобаста ба баланд бардоштани арзиши қаҳва мавриди танқид қарор доданд. Хабарнигорон иброз доштанд, ки арзиши ин мавод дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоби миёна 4 доллару 43 сентро ташкил менамояд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳудуди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзиши қаҳва 3 дарсад арзонтар мебошад. Роҳбарияти «Старбакс» вобаста ба танқиди хабарнигорон иброз намуданд, ки баланд гардидани арзиши қаҳва аз бисёр ҷиҳат ба хароҷоти дастрас намудани маҳсулот ва пардохти маблағи иҷора вобаста аст. Бояд гуфт, ки чанд вақт пеш дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкатҳои хориҷӣ, бахусус ширкати «ЭППЛ» — ро мавриди танқид қарор дода буданд.Нигаронии коршиносони ЯпонияДушанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Натиҷаҳои рушди содирот дар моҳи октябри соли равон боиси нигаронии коршиносони иқтисодии Япония гардид. Коҳиши қурби асъори миллӣ ба рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ расондааст. Тайи нимсолаи аввали соли равон иқтисодиёти Япония ҳамагӣ 11,5 дарсад рушд кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан коршиносон рушди иқтисодиёти Японияро ба 15,6 дарсад тахмин мезаданд. Норасоии буҷа моҳи сентябри соли равон дар ин кишвар ба 9,5 дарсар баробар гардид. Хотиррасон менамоем, ки моҳи марти соли 2011- ум дар кишвар заминларзаи шадид ба амал омада, боиси садама дар нерӯгоҳи барқи ҳастаии «Фукушимо-1» шуда буд. Офати табиӣ ба иқтисодиёти Япония садҳо миллион доллар хисорот ворид намуд. Комёбии ширкати «Филипс» Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар семоҳаи сеюми соли равон даромади ширкати «Филипс» — и Голландия 3 дарсад афзуд. Даромади ин коргоҳ, ки асосан таҷҳизоти маишӣ ва қандил истеҳсол менамояд, дар ин муддат аз 105 ба 281 миллион евро расид. Ин нишондод нисбат ба пешгўии коршиносон хеле зиёд мебошад. Ба маҳсулоти ширкати «Филипс» талабот дар бозорҳои ҷаҳонӣ хеле зиёд аст, зеро маҳсулоти ширкати номбурда сифати баланд дошта, талаботи мизоҷонро қонеъ менамояд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






