Дар ҷустуҷӯи мудир

Октябрь 16, 2013 14:02

Душанбе, 16 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли вазифаи мудири Корхонаи воҳиди давлатии  /КВД/ «Чеварон», воқеъ дар шаҳраки 65-уми пойтахт озмун эълон менамояд. Довталабоне, ки  мехоҳанд дар озмун ширкат варзанд,  бояд маълумоти олии касбии рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошанд. Дар озмун бештар ба бонувон, хусусан афроде, ки  дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар соҳаи чеварӣ, дӯзандагӣ ва дизайн таҷрибаи корӣ доранд, афзалият дода мешавад.  
    Озода Саидвалиева- мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки тибқи қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе натиҷаҳои озмун на дертар аз 20 ноябр ҷамъбаст мешаванд.
  Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар моҳи сентябр дар заминаи яке аз биноҳои  “Душанбеагросервис” КВД “Чеварон” созмон дода шуд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ махсус гардонида шудааст.

Октябрь 16, 2013 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш