Душанбегиҳо ба таҷлили Рӯзи фархунда омодагӣ мебинанд

Октябрь 4, 2013 10:20

Душанбе, 4 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад. Дар ин росто бо мақсади дар сатҳи баланди бадеиву ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳо ба ифтихори ин Рӯзи фархунда дар пойтахт, шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд, ки тибқи он нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ бобати омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатӣ тасдиқ гардид. Дар асоси он шоми 5 октябр соати 18:00 дар Боғи устод Рӯдакӣ чорабинии идона бо иштироки аҳли зиё ва ҳунармандони кишвар доир мегардад. Инчунин шоми 5 октябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо”, “Кӯли ҷавонон”, ба номи С. Айнӣ, Боғи пойтахт ва “Майдони 800-солагии Маскав” сайругашти идонаи шаҳрвандону меҳмонони пойтахт баргузор шуда, базми шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил мешавад.  Ҳамзамон ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори ниҳодҳои марбутаи пойтахт нишасту ҳамоиш ва конфронсҳои имлию бадеӣ бо ҳузур аҳли зиёи кишвар, олимону муҳаққиқон ва забоншиносон баргузор гардиданд, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба поку беолоиш ва муқаддас нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб мешавад, матраҳ гардиданд.  Бояд тазаккур дод, ки аввалин маротиба дар Тоҷикистон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, аниқтараш 22 июли соли 1989 Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бо ҷидду ҷаҳди бархе аз равшанфикрони миллати тоҷик аз сӯи вакилони Парлумони он вақт -Маҷлиси Олӣ қабул гардид. Баъдан дар соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар тарҳи нав баррасӣ ва қабул карданд. Тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил мегардад. 

Октябрь 4, 2013 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ