Эълони рӯзи умумиҷаҳонии дастшӯйӣ аз ҷониби СММ

Октябрь 16, 2013 10:44

 
  Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). —   Сандуқи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид аз ин пас санаи 15-уми октябрро ба хотири ҳифзи саломатии кӯдакон рӯзи умумиҷаҳонии дастшӯйӣ эълон намудааст. Созмони миллали муттаҳид тасмим гирифтааст дар доираи баргузории рӯзи умумиҷаҳонии дастшӯйӣ муборизаи қатъиро баҳри риояи беҳдошт пеша кунад, ки дар он худи кӯдакон метавонанд бевосита ба ҳайси мубориз ширкат варзанд. Гуфта мешавад, барномаи мубориза ба хотири тозагӣ дар 60 кишвари рӯ ба рушди дунё, ки бештарашон дар қитъаи Осиёву Африқо ҷойгиранд, роҳандозӣ мешавад. Дар доираи барнома ба кӯдакон дар макотиби миёна доир ба  муҳимияти риояи  беҳдошт, бахусус, шустани даст семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Коршиносони Созмони миллал хамчунин зикр кардаанд, ки дар кишварҳои қитъаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, Бангладеш ва Афғонистон вазъи риояи беҳдошт дар ҳолати бад қарор дорад.
Тибқи маълумоти СММ ҳамарӯза дар ҷаҳон аз  ношустани даст 5 ҳазор кӯдак мефавтад. 

Октябрь 16, 2013 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ