Фаъолияти пурсамари “Пажуҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). – Тавре ки аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” монографияи коллективӣ дар мавзўи «Асосҳои назариявӣ ва таҷрибаи ташаккули бозори меҳнат дар шароити иқтисодии гузариш (методология ва институткунонӣ)»-ро таҳия карда, аз чоп баровард. Олимону ходимони ин муассиса дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кори зиёда аз 46 конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои гирд ва дигар машваратҳои илмӣ иштирок карда, Кодекси этикаи коркуни иҷтимоӣ ва 13 мақолаи илмӣ ба табъ расониданд. Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқароркунии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳ” дар ин давра доир ба ҷабҳаҳои гуногуни соҳаи тиб 3 конфронси амалӣ барои донишҷўён ва кормандони миёнаи тиббӣ дар мавзўи “Растаниҳои шифобахш барои табобати бемориҳои дил”, “Тибби тасдиқкунанда дар фаъолияти кормандони миёнаи тиббӣ” ва “Усулҳои тибби шарқ барои табобати бемориҳои ҳозима” ва барои донишҷуёни ихтисоси тавонбахшии тиббӣ дар мавзўи “Ёрии паллиативӣ” семинар гузаронида, ба ду рисолаи номзадӣ, ду дастури методӣ ва 10 мақолаи илмӣ тақриз омода кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






