Хуҷанд сарбозони ҷавонро ба артиш фиристод

Октябрь 8, 2013 11:10

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Хуҷанд маросими ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ фиристодани даъватшавандагони аввалин баргузор гардид.Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сарбозони ҷавони хуҷандӣ дар сарҳадҳои ҷанубии кишвар хидмат мекунанд. Назар ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, дар комисариати ҳарбии шаҳр маросими ботантана гусел намудани аввалин 30 нафар даъватшавандагон баргузор гардид.Имсол шаҳри Хуҷанд бояд 170 нафар ҷавононро ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ фиристад. Хотирнишон месозем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 1 октябр оғоз ёфт. 

Октябрь 8, 2013 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш