Хурсандии Ҷонона
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 нафар духтарон дар пойтахт зимни як давраи омӯзишӣ дар коргоҳи дӯзандагии муштараки назди Маркази таълимии калонсолони шаҳри Душанбе нозукиҳои касби чевариро аз худ карда, аз санҷиш бомуввафақият гузаштанд. Дар маросими супоридани имтиҳони ҷавондухтарон Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Эрон дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, Файзулло Кабиров — раиси маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе ширкат намуда, аз ҷараёни имтиҳони коромӯзон назорат намуданд. Дар фарҷоми маросими супоридани имтиҳони коромӯзон раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ ба як нафар аз беҳтарин коромӯз Ҷонона Раҳимова мошинаи дӯзандагӣ тақдим кард. Ҷонона Раҳимова мегӯяд, ки: «Ман аз сабаби надоштани шароит натавонистам дар мактаби миёна таҳсил намоям. Баъди фавти шавҳарам бо ду кӯдак дар хонаи модарам зиндагӣ мекунам ва ҳоло шодам, ки баъди хатми давраи омӯзиши дӯзандагӣ соҳиби касб шудам ва тавассути ҳунарам бо меҳнати ҳалол ман рӯзгори худро таъмин менамоям». Коргоҳи дӯзандагии мазкур соли 2007 дар ҳамоҳангии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Абдулғаффори Солеҳ-масъули умури идорӣ ва равобити умумии намояндагии дафтари Кумитаи имдод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун Кумитаи имдод дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар 67 коргоҳи омӯзишӣ таъсис додааст, ки дар ин коргоҳҳо фарзандони оилаҳои ниёзманд ҳунарҳои дӯзандагӣ, барномасози компютер, сангтарошӣ, заргарӣ, сантехникӣ ва кафшергариро аз бар намуда, вориди бозори меҳнат гардидаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






