Хусумати шахсӣ Шабнами 20-соларо бистарии бемористон кард

Октябрь 1, 2013 14:07

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Хусумати шахсӣ Шабнами 20-соларо бо ҳашт корди дар баданаш зада бистарии бемористон кард.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додаст, тахминан соатҳои 12-и шаби 28-уми сентябри соли равон ба ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ шаҳрванд Ҳотамбӣ Муҳиддинова, сокини ноҳияи мазкур ва модари Шабнами 20-сола муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум ба воситаи тиреза ба ҳуҷраи хоби духтараш даромада, ӯро бо корди хоҷагии дар дасташ буда, ҳашт маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа Шабнам ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шаҳрванд, Сайҷафар Олимови 39-солаи сокини ноҳияи Қумсангир дастгир шуд. Гуфта мешавад, ки ҷинояти мазкур, аз сабаби хусумати шахсӣ содир шудааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Октябрь 1, 2013 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ