Ифтитоҳи Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»).Дар маркази шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои навбунёди Кохи маърифат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Чунонки аён гардид, дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат толори бузурги маҳфилҳои фарҳангӣ бо 170 ҷойи нишаст, 2 толори махзани китоб, толори калони китобхонӣ, чопхонаи дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои ба табъ расондани маводи гуногуни чопӣ, утоқҳои кории бахши занон ва ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, коргоҳҳои рӯзномаи маҳаллии Шаҳриёр ва маҷаллаи Бахтофарони Ваҳдат ва шуъбаи Иттифоқи Нависандагони ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи намояндагони шоирону нависандагон ва дигар зиёиёни эҷодкори кишвар бо шароити кору эҷод дар ин муассисаи фарҳангу маърифат бевосита шинос шуда, ба тарҳи биноҳо ва сифати сохтмону таҷҳизот баҳои баланд дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






