Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург
Душанбе, 1 октябр (АМИТ «Ховар»).- 30 сентябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург ширкат варзид. Дар чорабинии расмӣ ба муносибати ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ раисони заминҳои Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн, корпуси консулӣ, намояндагони соҳаҳои тиҷорат, саноат, ВАО, доираҳои соҳибкорон, олимон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҳамбург иқомат доранд, иштирок намуданд. Зимни суханронии худ Ҳамрохон Зарифӣ қайд намуд, ки чорабинии мазкур яке аз самараҳои татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Олмон дар соли 2011 ва созиши ҷонибҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми самтҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла барқарор намудани равобит байни минтақаҳои мухталифи ҳарду кишвар, мебошад. Вазири корҳои хориҷӣ инчунин зикр намуд, ки ниҳоди консулони фахрӣ усули муассири рушди муносибатҳои дуҷониба мебошад ва изҳори боварӣ кард, ки Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии шимоли Олмон таъсири намоёни худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳо хоҳад гузошт. Минтақаи консулии Консулии фахрии Тоҷикистон Куруш Пуркиян заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн мебошанд. Суроғаи Консулгарии фахрии Тоҷикистон: An der Alster 25, 20099 Hamburg. Тел: +49 40 2800 69 64, почтаи электронӣ: pourkian@honorarkonsulat-tj-hh.de








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






