Ифтитоҳи корхонаи саноатии Суғд Пак дар шаҳри Чкалов
Душанбе, 16 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд корхонаи саноатии Суғд Пак ба кор дароварда шуд.
Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Шодимурод Саидов таъсис дода шуда, асосан ба истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ барои бастабандии орд, шакар, дигар маҳсулоти ғизоӣ ва ҳам хокаҳои масолеҳи сохтмонӣ ба мисли семент, алибастер ва ғайра машғул хоҳад буд.
Ҳоло дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чопи навиштаҷоти рӯйи халтаҳо ва ламинатсиякунии дохили халтаҳо омодаи коранд. Яъне тамоми корҳои омодасозии халтаҳо аз ришта то маҳсулоти тайёр дар худи корхона ба роҳ монда шудааст. Танҳо гранула, ки ашёи хоми синтетикӣ барои истеҳсоли риштаю матои халтаҳо мебошад, аз хориҷи кишвар ворид мегардад.
Ҳоло дар ин корхона беш аз 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шумораи коргарон дар ин корхона то моҳи сентябри соли 2014 ба зиёда аз 720 нафар мерасад, ки беш аз 600 касаш занону духтарон хоҳанд буд. Оянда бо амалӣ шудани ҳамаи нақшаю армонҳои ин соҳибкорони хушзавқ шумораи ҷойҳои корӣ дар ин корхона ба зиёда аз 3 ҳазор хоҳад расид.
Бо иқтидори кунуниаш дар ин корхона беш аз 40 миллион дона халтаҳои хурду бузург истеҳсол карда мешавад, ки ҳар яке аз 2 кг то 2 ҳазор кг ғунҷоиш доранд. Тавре иттилоъ доданд, талаботи пурраи Тоҷикистон ба маҳсулоти ин корхона дар ҳоли ҳозир 17 миллион дона халта аст. Маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар низ содир карда мешавад. Соҳибкорони асосгузори ин корхона барои пешниҳоди ин маҳсулот ба Қазоқистон, Русия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо бо шарикони хориҷии худ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондаанд, аз ин хотир оянда иқтидори ин корхона ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.
Чунонки зикр гардид, ин соҳибкорон солҳои зиёд дар хориҷи кишвар фаъолият намуда, имрӯз тасмим гирифтаанд, ки бо сармояи гирдовардаашон дар ободонии Ватани азизи худ низ саҳмгузор бошанд.
Миразиз Усмонов, аз ҷумла иттилоъ дод, ки зимни яке аз мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони муқими Қазоқистон ӯ уҳдадор шуда будааст, ки як корхонаи калони саноатӣ дар Тоҷикистон бунёд менамояд. Инак дастуру маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкор амалӣ гардид ва марҳилаи аввали корхона ба кор даромад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






