Ифтитоҳи корхонаи «Султонстоун» дар Исфара
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 10 октябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, корхонаи коркарди нафти ҶСК «Султонстоун»-ро мавриди истифода қарор дод.Қоҳир Расулзода зимни шиносоии хеш аз ин корхона бунёди чунин корхонаҳои саноатиро, ки талаботи замони муосир мебошад, барои қонеъ гардонидани таъминоти аҳолӣ бо сӯзишворӣ падидаи тоза ва саривақтӣ арзёбӣ кард.Корхонаи коркарди нафти «Султонстоун» дар заминаи базаи нефти шаҳри Исфара бо ҷалби сармояи дохилӣ дар ҳаҷми наздик ба 6 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Иқтидори солонаи корхонаи мазкур дар як сол ба коркарди 40 ҳазор тонна нафт баробар буда, дар он ҷо дар се баст 75 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре зикр гардид, дар айни ҳол дар заминаи дастрасӣ ба ашёи хом бо Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Муассисони корхона арз медоранд, ки дар оянда чунин ҳамкориҳо бо давлатҳои Эрону Русия низ ба роҳ монда мешавад.Тавре ки аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар»хабар доданд, пас аз фаъолияти корхонаи «Султонстоун» бори аввал дар вилоят бензини навъи «АИ 80» истеҳсол мешавад. Ҳамзамон дар ин корхона соляркаву мазут низ истеҳсол шуда, дар оянда истеҳсоли битум низ ба роҳ монда хоҳад шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






