Ифтитоҳи варзишгоҳ ва ду толори варзишӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, ин варзишгоҳ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лайсиддин Юсуфов дар давоми 9 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин соҳибкор моҳи декабри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ барои сохтмони ин варзишгоҳ замин дархост карда буд. Дархосташ он рӯз қабул шуд. Дар натиҷа чунин варзишгоҳи бошукӯҳ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боиси шодию нишоти дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ин минтақа гардид.
Толорҳои варзишгоҳ яке барои намудҳои гуногуни гӯштин, каратею таэквондо, дигар навъҳои задухурдҳои шарқӣ ва толори дуюм барои обутоби бадан бо олоту дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар майдони калони варзишгоҳ барои чорабиниҳои бузурги варзишию фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми ин ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки дар ин варзишгоҳ гирд омада буданд, суханронӣ намуда, пеш аз ҳама ба соҳибкори ин иншоотро бунёднамуда арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, пас аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, то имрӯз дар қаламрваи ҷумҳурӣ беш аз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст. 316 тои ин иншооти варзишӣ дар вилояти Суғд сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар майдони калони варзишгоҳ аҳли фарҳанги ҷамоат барномаи бошукӯҳ фарҳангӣ намоиш доданд, ки бо завқу салиқа ва самимияти басо баланд омода гаштааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






