Ифтитоҳи варзишгоҳ ва ду толори варзишӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ

Октябрь 12, 2013 11:43

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, ин варзишгоҳ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Лайсиддин Юсуфов дар давоми 9 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин соҳибкор моҳи декабри соли 2010 зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ барои сохтмони ин варзишгоҳ замин дархост карда буд. Дархосташ он рӯз қабул шуд. Дар натиҷа чунин варзишгоҳи бошукӯҳ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, боиси шодию нишоти дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ин минтақа гардид.
Толорҳои варзишгоҳ яке барои намудҳои гуногуни гӯштин, каратею таэквондо, дигар навъҳои задухурдҳои шарқӣ ва толори дуюм барои обутоби бадан бо олоту дастгоҳҳои махсус муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар майдони калони варзишгоҳ барои чорабиниҳои бузурги варзишию фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми ин ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки дар ин варзишгоҳ гирд омада буданд,  суханронӣ намуда, пеш аз ҳама ба соҳибкори ин иншоотро бунёднамуда арзи сипос кард. Тавре зикр гардид, пас аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, то имрӯз дар қаламрваи ҷумҳурӣ беш аз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст. 316 тои ин иншооти варзишӣ дар вилояти Суғд сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар майдони калони варзишгоҳ аҳли фарҳанги ҷамоат барномаи бошукӯҳ фарҳангӣ намоиш доданд, ки бо завқу салиқа ва самимияти басо баланд омода гаштааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 12, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад