Инвентаризатсияи ҳайвоноти хонагӣ

Октябрь 12, 2013 10:49

         Душанбе, 12 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар давоми 10 рӯз тавассути корҳои  фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсияи чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар ҳудуди шаҳр ба анҷом расонида, тибқи салоҳдиди шаҳрвандон аз байн бурдани онҳоро таъмин созад. Дар робита ба ин тасмим барои ба оилаҳои камбизоати муайянкардашуда ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии якдафъаина ба раиси шаҳр пешниҳод ирсол карда мешавад. 
                Масъалаи мазкур дар ҷараёни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни гузориши муовини аввали раиси шаҳр Насрулло  Хайруллоев доир ба ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» матраҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки тибқи қонуни мазкур дар ҳудуди пойтахт парвариш ва нигоҳдошти чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст. 
                  Дар иҷлосия ҳамзамон вакилони шаҳрӣ масоили марбут ба омодагии пойтахт ба ҷашни 90-солагии Душанбе, ки дар соли 2014 таҷлил мегардад, баррасӣ намуданд. Дар фарҷоми иҷлосия як қатор қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардиданд.

Октябрь 12, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ