Иштироки сафир дар конфронси ҷаҳонӣ

Октябрь 23, 2013 09:24

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко).- 22 октябр Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин – Фролов дар Конфронси илмию назариявии байналмилалии «Саҳми илмии Михаил Андреев дар омӯзиши таъриху этнографияи халқи тоҷик» иштирок намуд. Конфронс бо иштироки Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҶТ баргузор гардид. Дар конфронс бахшида ба фаъолияти илмии этнограф, забоншинос ва муҳаққиқи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ Михаил Андреев директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов, олимони Академияи илмҳои ҶТ, донишгоҳҳои Хуҷанд, Хоруғ, Данғара, Қӯрғонтеппа, ҳамчунин Академияи илмҳои Австрия сухан карданд.Сафир Игор Лякин – Фролов зимни суханрониаш аҳамияти ҷалби таваҷҷуҳи олимони ҷавон ба омӯзиши саҳми Михаил Андреев дар таҳқиқи таъриху фарҳанги халқи тоҷикро хотирнишон сохт. Худи ҳамон рӯз сафири Русия аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 6 – уми шаҳри Душанбе дидор намуд. 

Октябрь 23, 2013 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш