Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014

Октябрь 10, 2013 09:30

  Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 8 октябри соли 2013 дар Кохи Эгмонти шаҳри Брюссел Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев дар ҷаласаи нахустин бахшида ба гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014 таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ширкат варзид. 
  Дар чорабинии мазкур муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс раисӣ намуд. Мақсад аз ҷаласа муҳокимаи тадорукоти гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпии махсуси Аврупо барои шахсони дорои имконияти маҳдуд дар Белгия 9-20 сентябри соли 2014 ба ҳисоб мерафт.
  Зимни иҷлос эълон гардид, ки дар чорабиниҳои варзишии мазкур намояндагони 58 кишвари дунё дар мусобиқаҳо аз рӯи 10 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард. 
  Ҳайати Тоҷикистон 15 нафарро дар бар мегирад ва тамоми хароҷоти иштироки варзишгарони Тоҷикистонро ҷониби Ҳукумати Белгия пардохт хоҳад намуд.
  Зимни  суҳбат сафири Тоҷикистон Р.Солиев ба муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва роҳбарияти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо-2014 барои даъвати ҳайати Тоҷикистон ва дастгирии иштироки варзишгарон миннатдорӣ баён кард.
 
 

Октябрь 10, 2013 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад