Ивази симчӯбҳо ба сутунҳои оҳанию бетонӣ

Октябрь 21, 2013 13:44

Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдори Душанбе директори ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” Саид Атоевро вазифадор намудааст, ки иваз намудани симчӯбҳои барқиро ба сутунҳои оҳану бетонӣ дар маҳаллаҳои шаҳр пурра таҳқиқ намуда, то 1 декабри соли равон ҷиҳати дар соли 2014 комилан аз байн бурдани симчӯбҳои барқӣ таклиф пешниҳод созад. Ин матлаб дар ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, ки таҳти раёсати -Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.  Раиси шаҳр аз масъулини сохторҳои марбута ва ШСХК “Барқи Тоҷик” талаб намуд, ки баҳри татбиқи муқаррароти қарори марбутаи Ҳукумати кишвар дар самти омодагӣ ба мавсими зимистон тадбирҳои қатъӣ андешанд. Инчунин ҷиҳати захираи ангишт барои таъмини фаъолияти муназзами манбаъҳои гармиистеҳсолкунии мутамаркази дар пойтахтбудаи ШСХК «Барқи Тоҷик» имкониятҳои парки техникии ин ширкатро бисанҷанд. 

Октябрь 21, 2013 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш