Изҳороти Константин Ромодановский

Октябрь 22, 2013 11:43

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский зимни мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи «Коммерсант Ъ» изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба Русия зарурат дораду Русия ба Тоҷикистон. Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷират ҳамчунин қайд намуд, ки «мо бо Тоҷикистон муносибатҳои пешрафтатарин дорем. Вазъият дар бахши муҳоҷирон яке аз вазъиятҳои мураккабтарин бошад ҳам, вале барои беҳдошти он ҳам аз нигоҳи шумораи созишномаҳо ва ҳам аз нигоҳи устуворияти онҳо кори аз ҳама зиёдтар анҷом дода шудааст. Ба фикри ман Тоҷикистон ба Русия зарурат дораду Русия ба Тоҷикистон. Ин ҳолат ҳам аз нигоҳи таърихӣ ва ҳам аз нигоҳи геополитикӣ ба миён омадааст».Константин Ромодановский зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар Русия теъдоди зиёди муҳоҷиронро шаҳрвандони Украина ташкил медиҳад. Мавсуф ба масъалаи ҷорӣ намудани тартиби раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дахл карда, гуфт, ки ҷорӣ намудани муносибатҳои раводид бо кишварҳои ҳамсарҳад имконнопазир аст.

Октябрь 22, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ